Варзишгарони тоҷик аз Чемпионати кушоди ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу бо нуҳ медал ба Ватан баргаштанд

Декабрь 19, 2022 12:43

ДУШАНБЕ, 19.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Тоҷикистон аз Чемпионати кушоди ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу бо 9 медал, аз ҷумла 5 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба Ватан баргаштанд. Дар ин бора президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Медалҳои тиллоро дар ҳайати Тоҷикистон Шаҳром Маҳмуродов дар вазни 55 кг, Шаҳбоз Мирзоев дар вазни 60 кг (2 адад) ва Абдураҳмони Баҳромҷон дар вазни 75 кг (2 адад) ба даст оварданд.

Сомон Турсунзода дар вазни 25 кг ва Сефиев Қосимҷон дар вазни 70 кг соҳиби медалҳои нуқра гардида, Муҳаммад Шерализода дар вазни 30 кг ва Шаҳром Маҳмуродов дар вазни 55 кг медалҳои биринҷиро сазовор шуданд.


Ёдовар мешавем, ки Чемпионати мазкур аз 13 то 18 декабри соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуда, дар он 880 нафар варзишгарон аз 65 давлат иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 нафар варзишгарон намояндагӣ карданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 19, 2022 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад