ҲАДИСИ МУСАВВАР. Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз барф тоза карда мешаванд

Январь 14, 2023 15:12

ДУШАНБЕ, 14.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷиҳати бартараф намудани боришоти барф дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва пешгирии тамбашавии воситаҳои нақлиёт масъулин вобаста гардида, бо ин мақсад онҳо аз тамоми нерую восита ва техникаҳои роҳдорӣ истифода бурда истодаанд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Сардори Муасисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдулмаҷид Ҳақназаров иброз дошт, аз рӯзҳои аввали бориши барф дар хиёбони Саъдии Шерозӣ 6 адад техникаи калон ва зиёда аз 200 нафар кормандони ин муасиса барои тоза кардани роҳҳо сафарбар гардиданд.

Ӯ тазаккур дод, ки мушкилот дар хиёбони мазкур саривақт бартараф карда шуд.

Бино ба гуфтаи собиқадори Муасисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино Нуқрахон Назрулоева, дар тӯли 15 соли охир чунин боришот набуд.


Рустам ҶАМИЛЗОДА,

Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Январь 14, 2023 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид