«Амонатбонк» бо «Актифбонк» дар самтҳои мухталифи амалиёти асъорӣ ҳамкорӣ менамояд

Январь 18, 2023 15:37

ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масоили марбут ба тақвияти ҳамкории Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо «Актифбонк»-и Ҷумҳурии Туркия дар самтҳои мухталифи амалиёти асъорӣ, интиқоли маблағ аз корт ба корт, ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ ва хизматрасонии фосилавӣ зимни мулоқоти Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва роҳбари гурӯҳи кории «Актифбонк»-и Ҷумҳурии Туркия Азад Исмаил дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.

Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ оид ба фаъолияти молиявии «Амонатбонк» дар соли 2022 иттилоъ дода, зикр намуд, ки мавқеи «Амонатбонк» дар низоми бонкии Тоҷикистон устувор буда, новобаста аз таъсири манфии омилҳои берунӣ бонк дар ҳолати хуби молиявӣ қарор дорад.

Сироҷиддин Икромӣ таъкид намуд, ки тибқи дурнамои бонк то соли 2025 дар нақша аст, ки доираи фаъолияти хориҷии «Амонатбонк» васеъ гардида, ҳамкории муштарак бо бонкҳои хориҷӣ, аз ҷумла, «Актифбонк» -и Туркия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Роҳбари гурӯҳи кории «Актифбонк» Азад Исмаил таваҷҷуҳи хоссаи худро ҷиҳати густариши ҳамкории судманд иброз намуда, гуфт, ки ««Амонатбонк» яке аз шарикони боэътимоди «Актифбонк» буда, мо омодаем ояндаи наздик ҳамкории ҳамаҷонибаро дар сатҳи нав ба роҳ монем».

Мусоҳибон омодагии худро барои баланд бардоштани ҳамкории муштараки молиявӣ иброз намуданд.

 АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Январь 18, 2023 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд