АЗ ТАЪКИДҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАВРИДИ ҶАШНИ САДА:
Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо, тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардидааст.
***
Шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон, эҳёи беҳтарин расму ойинҳои гузашта ва мутобиқ сохтани онҳо ба арзишҳои маънавии имрӯза дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии моро мукаммалу устувор менамояд.
***
Ҷашни Сада рамзи гармиву рӯшноӣ ва пирӯзии инсон бар қувваҳои бадӣ ба шумор меравад.
***
Ҷашни Сада аз давраи пайдоиш ва рушди пешаи кишоварзӣ моҳияти иҷтимоиву иқтисодӣ пайдо карда, ба яке аз василаҳои таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ табдил ёфтааст.
***
Кишоварзон ойини бостонӣ-ҷашни Садаро бештар аз дигар табақаҳои мардум гиромӣ медоранд ва шояд омили то замони мо зинда мондани Сада маҳз марди деҳқон бошад.
***
Дар замони соҳибистиқлолӣ мо Садаро ҳамчун ҷашни кишоварзону боғдорон ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ойини сирф мардумӣ таҷлил менамоем ва дар таблиғи ғояҳои неку моҳияти арзишманди он, аз қабили садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровонӣ саъю талош меварзем.
***
Таҷлил гардидани Сада моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафаро вусъат бахшем.
***
Дар ҷашни Сада ба намоиш гузоштани шириниҳо ва хушкмеваҳои маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ тоза боиси ҷалби меҳмонону сайёҳон ва дар баробари ин, воситаи таблиғи заҳмати деҳқонону боғдорон ва ҳунармандон мегардад.
***
Ободу сарсабз гардонидани табиати кишвар, гулгашту кӯчаҳо, тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зист аз ҷумлаи суннатҳои ҷашни Сада ба ҳисоб меравад ва бо итминон иброз медорам, ки мардуми шарафманди тоҷик ин ойинҳои некро ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ идома ва густариш мебахшанд.
***
Ҷашни Сада яке аз ойинҳои бисёр деринаи халқи бостонии мо мебошад.
***
Халқи тоҷик таърих ва фарҳанги куҳан дошта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба ойину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ мегузорад, барои эҳё кардану ғановатманд гардонидани онҳо ва дар миёни аҳли ҷомеа густариш пайдо кардани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш саъю талош менамояд.
***
Сада аз ҷумлаи чунин ҷашнҳои бостонии мо мебошад, ки дар аҳди қадим, махсусан замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол мегардид ва дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё карда шуд.
***
Ҷашни Сада, дарвоқеъ, таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд.
***
Ҷашни Сада муждарасони сипарӣ шудани зимистон, наздик омадани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯз мебошад.
***
Пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ моҳияту фалсафаи ҷашни Садаро ташкил медиҳад.
***
Ҷашни Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат мебошад.
***
Сада, ки панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб то Наврӯз фаро мерасад, ҳамчун пайки наврӯзӣ марди деҳқонро аз наздик омадани баҳор ва оғози мавсими кишту кору дигар корҳои саҳроӣ хабардор месозад.
***
Сада моҳиятан ҷашни кишоварзон буда, ба марди деҳқон аз наздик шудани фасли баҳору оғози корҳои саҳро хабар медиҳад ва аҳли заҳматро ба андешаи давраи нави кишоварзӣ ва боғдорӣ ҳидоят менамояд.
***
Ҷашни Сада дар баробари Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз унсурҳои муҳимтарини ҳастиву ҳувияти мо – тоҷикон маҳсуб шуда, гиромидошти он аз ҷумлаи роҳҳои муассири тақвияту густариши хештаншиносиву худогоҳии миллӣ мебошад.
***
Умри дубора бахшидан ба маросиму ҷашнҳои бостонии ориёӣ ва оммавӣ намудани онҳо, хусусан дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангиву маънавӣ кори бисёр муҳим ба ҳисоб меравад.
***
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам овард, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу муҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намоянд.
***
Ҷашнҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, ойинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд.
***
Сада дар саргаҳи ҷашнҳои миллӣ қарор дошта, он пеш аз ҳама, кишоварзонро аз оғози омодагӣ ба кишту кор, яъне тайёрӣ ба баҳор хабар медиҳад.
***
Ҷашни Сада ҳамчун рамзи хуррамиву ободӣ, тандурустиву шодкомӣ ва дуркунандаи зиштиву нопокӣ аҳаммияти баланди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад.
***
Эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард.
***
Сада- аслан ҷашни деҳқонону кишоварзон мебошад ва дар байни тоҷикон бо хусусиятҳои мардумиаш маҳбубияти хосса касб кардааст. Маҳз дар ҳамин айём марди деҳқон омодагиро ба фасли баҳор оғоз менамояд, аз пайи таъмиру тайёр намудани таҷҳизоти кишоварзӣ мешавад, нақшаи бунёди боғу токзор ва дигар корҳои баҳориро тарҳрезӣ мекунад.
***
Ойину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд.
***
Ҷавҳари Сада аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат мебошад.