Ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди шаҳри Турсунзода кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ пардохт карда шуд

Январь 23, 2023 11:55

ТУРСУНЗОДА, 23.01.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масъулони дахлдор вазифадор карда шуданд, ки то охири соли 2022 ба 475 ҳазор нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманди мамлакат, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ ба таври илова пардохт намоянд. 

Муовини мудири филиали «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода Маҳмадулло Латипов  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД  иброз дошт, ки  “дар асоси супориши Паёми Сарвари давлат  ҷиҳати расонидани кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ бояд дар шаҳри Турсунзода ба 11 145 нафар ба маблағи  6 687 000 сомонӣ кумак расонида мешуд. То 19 январ ба 3303  нафар гирандагони кумакпулии яквақтаинаи  ҳифзи иҷтимоӣ ба маблағи 1 981 800 сомонӣ  ва ба 6759 нафар  гирандагони кумакпулии яквақтаинаи суғуртаи иҷтимоӣ ба маблағи 4 055 400 сомонӣ маблағи кумакпулии пешниҳодгардида пардохт карда шуд”.

Имрӯзҳо дар 6 маркази хизматрасонии “Амонатбонк” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  шаҳри Турсунзода кормандони филиали бонк ба 1083 нафар гирандагони кумакпулии яквақтаинаи  ҳифзи иҷтимоии боқимонда маблағи кумакпулияшонро дар асоси  рӯйхати пешниҳодгардида тариқи нақдӣ пардохт намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки “дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо соли 2022  4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд».

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 23, 2023 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд