БА ШАРАФИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корхонаҳои саноатии хурду бузург ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. То таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 82 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки 32 адади он ба шаҳри Хоруғ рост меояд. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ зикр гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа ҳамзамон зикр шуд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирӣ ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ворид гардид.
Дар ин замина ҳоло дар масъалаи расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат- саноаткунонии босуръат дар шаҳри Хоруғ пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд.
Соли равон дар шаҳри Хоруғ корхонаи коркарди санг- ҶДММ «Суман», фабрикаи пойафзолбарорӣ, корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва нӯшокиҳои спиртӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ ва матбааи вилоятӣ, ки зиёда аз 100 нафар сокинони вилоят бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд, сохта, ба истифода дода мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилоят Алишер Мирзонабот, муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмудзода, Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
Ризо Назарзода зикр кард, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоят Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ тадбирҳои зарурӣ андешида, соли 2023 ба тамоми корҳо вусъати тоза бахшида мешавад.
АКС: МИҲД ВМКБ / манбаъҳои боз










«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






