БАР ХИЛОФИ ТАМОМИ МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Толибон фаъолияти занонро дар марказҳои тиҷоратӣ манъ карданд
ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Афғонистон, ки аз ҷониби ҳаракати «Толибон»* ташаккул ёфтааст, барои бастани кошонаҳои ҳусни занона дар ин кишвар даҳ рӯз муҳлат муқаррар намуда, фаъолияти бонувонро дар марказҳои тиҷоратӣ манъ кардааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии «Al-Arabiya » бо такя ба сарчашмаҳо гузориш додааст.
«Ҳукумати Толибон барои бастани кошонаҳои ҳусни занона 10 рӯз муҳлат муқаррар кардааст», — гуфтаанд манобеи ин шабака.
Онҳо афзуданд, ки мақомоти Афғонистон ҳамчунин дастур додаанд, ки фаъолияти занон дар марказҳои тиҷоратӣ манъ карда шавад.
Қаблан ҳаракати «Толибон»* бар хилофи тамоми меъёрҳои байналмилалӣ ба созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон дастур дод, ки фаъолияти занонро дар ниҳодҳояшон қатъ гардонанд.
Расонаҳои Афғонистон ҳамчунин гузориш доданд, ки вазорати таҳсилоти олӣ дар ҳукумати толибонӣ дастур гирифтааст, ки таҳсили донишҷӯдухтаронро дар донишгоҳҳои хусусӣ ва давлатӣ қатъ кунад.
Вазири таҳсилоти олии ин кишвар гуфт, ки таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои дунявӣ хилофи қавонини ислом ва суннатҳои исломӣ аст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
______________________________________________________
*Ҳаракати «Толибон» дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар мамнӯъ буда, барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
АКС: © AP Акс / Петрос Гианнакурис








ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид






