ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023. Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон бар дастаи Қирғизистон пирӯз шуда, мақоми сеюмро гирифт
ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ «Ховар»»/. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футзал дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 4:2 мағлуб карда, сазовори медалҳои баринҷии чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Тошканд гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ин бозӣ ду маротиба Карина Мирзоева, Ҷонона Қурбонова ва Некубахт Худододова як маротибагӣ тубро ба нишон расониданд.
Дар бозии финалии чемпионат имрӯз, 30 январ дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Эрон вомехӯранд.
Ғолиби ин ҷуфт медалҳои тиллои чемпионати дуюми Ассотсиатсияи футзали Осиёи Марказӣ байни дастаҳои мунтахаби занонаро ба даст меорад.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






