Дар Анқара масъалаи имконияти ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 январ дар Анқара вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Роҳбари идораи сармоягузории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Туркия Аҳмет Бурак Давлиолу баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла имконияти ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки 1 феврали соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Президенти Идораи рушд ва дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Туркия (KOSGEB) Ҳасан Басри Курт мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, алалхусус ташкили Фонди муштараки сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия барои маблағгузории лоиҳаҳои ширкатҳои хурду миёнаи ду кишвар дар Тоҷикистон ибрози назар намуданд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар заминаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва KOSGEB, ки дар ҳошияи ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ имзо шудааст, нақшаи амал таҳия намуда, корбариро дар самти бунёди Фонди муштараки сармоягузорӣ тақвият бахшанд.
Бояд зикр намуд, ки 6 декабри соли 2021 дар Маркази Конгресси Селчуқлуи шаҳри Қуния Форуми соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар фарҷоми Форум Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия аз ҷониби вазирон Шералӣ Кабир ва Мустафо Варанк ба имзо расонида шуд. Инчунин миёни Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов-роҳбари кулли Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд ва Селчук Озтурк- раиси Палатаи савдои шаҳри Қуния Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Дар қисми дуюми ҳамоиш пас аз гуфтушунидҳо дар формати B2B бо Муассисаи давлатии «Маркази лоиҳакашӣ ва рушди технологияҳои нави саноатӣ»-и назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 тафоҳумномаи сармоягузорӣ ба арзиши умумии $52 миллион ба имзо расид.
Ҳамчунин дар формати B2B миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия беш аз 10 ёддошт ва созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид, ки ҳаҷми умумии сармоягузории онҳо беш аз 200 миллион долларро ташкил медиҳад.
Акс: ВКХ ҶТ








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳои ҷамъбастии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегарданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Нақши рӯзномаи об дар равандҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ шуд
Дар Душанбе мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон ва Бурунди баргузор гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ҷаласаи мавзуии «Об барои сайёра» баргузор шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ҷаласаи мавзуии «Об барои шукуфоӣ» баргузор гардид
Барои бунёди бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт санги асос гузошта шуд
Қоҳир Расулзода бо Вазири федералии тағйирёбии иқлим ва ҳамоҳангсозии муҳити зисти Покистон Мусаддиқ Масъуд Малик мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар доираи Конфронси сатҳи баланд дар мавзуи «Об барои инсонҳо» ҷаласаи канорӣ баргузор шуд
Қоҳир Расулзода бо муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи ЭСКАТО хонум Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана мулоқот намуд
Идомаи Конфронси байналмилалии Душанбе: таваҷҷуҳ ба масъалаҳои об ва иқлим
Болот Молдобеков: «Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим боиси таҳсин аст»
Аббос Алиободӣ: «Эрон омода аст, ки таҷрибаи худро дар соҳаи обу энергетика бо Тоҷикистон ва ҷаҳон мубодила намояд»






