Дар Брюссел маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва аксу нигораҳои Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

Январь 19, 2023 15:03

ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва аксу нигораҳои Тоҷикистон 17 январ дар доираи  барномаи фарҳангие  дар бинои Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ дар Брюссел ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо зери унвони «Пайваст аз тариқи Роҳи Абрешим» муаррифӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ Стефано Саннино ва Намояндаи вижаи ИА дар Осиёи Марказӣ хонум Терҳи Ҳакала ба ҷамъомад ҳусни ифтитоҳ бахшида, бобати ҳолат ва дурнамои рушду густариши ҳамкории мутақобилан судманд андешаронӣ карданд.

Дар доираи намоиш барномаи фарҳангӣ бо навору сурудҳои миллӣ, намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва аксу нигораҳо ба маъраз гузошта шуданд.

Инчунин ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Дафтари Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ намоиши мусавввараҳои рассомони минтақа ва аксҳо то 2 феврали 2023 баргузор мегардад.

Акс: ВКХ ҶТ

Январь 19, 2023 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд