Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ғолибони озмунҳо мукофотонида шуданд

Январь 5, 2023 09:19

ДУШАНБЕ, 05.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби роҳбарияти  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва устодони онҳо, инчунин ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ  аз 1000 то 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти донишгоҳ Ҳабибулло Сатторӣ хабар дод.

Ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ба 13 нафар омӯзгороне, ки дар муҳлати муайяншуда рисолаи докториву номзадии хешро дифоъ намуда, аз ҷониби Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, барои рисолаи докторӣ 3 ҳазор сомонӣ ва барои рисолаи номзадӣ 1500 сомонӣ тақдим намуд.

Инчунин ба 6 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд, 5 ҳазор сомонӣ, ба 10 нафар донишҷӯёне, ки дар озмунҳои иштирок намуданду ноком шуданд, 1000 сомонӣ, ба 7 нафар донишҷӯёне, ки дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои якум гардиданд, 2 ҳазор сомонӣ ва ба 5 нафар роҳбар барои ҷойҳои дуюм 1000 сомонӣ супорида шуд.

Роҳбарияти донишгоҳ ба иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» 1000 сомонӣ ва ба иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба 3 нафари ҷойи аввал 10 ҳазор сомонӣ, 2 нафари ҷойи дуюм 7 ҳазор сомонӣ ва ба 2 нафари ҷойи сеюм 4 ҳазор сомонӣ тақдим намуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Январь 5, 2023 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад