Дар Душанбе барои баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуданд

Январь 25, 2023 10:53

ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» бо ибтикори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар шаҳракҳои 64 ва 65-и пойтахт гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар ҷараёни баргузории вохӯрӣ бо сокинони шаҳрак иттилоъ дода шуд, ки баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ, риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва дар доираи фасли 5-и Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ амал кардани сокинон яке аз ҳадафҳои мақомоти назоратӣ мебошад.

Бояд ҳар шаҳрванд барои ҳифзи муҳити зист, тавсеаи корҳои ободонию созандагӣ, ниҳолшинонӣ кӯшиш карда, дар баргузории аксия ва ҳашарҳои экологӣ саҳм гузорад, нисбат ба гулу гиёҳ ва сарватҳои табиии пойтахт нигоҳи хайрхоҳона дошта, дӯстдори асили муҳити зист бошад.

Сокинони шаҳракҳо бо масъулин суҳбати ошкоро анҷом дода, иброз доштанд, ки бо дастгириҳои пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои ободонию созандагӣ тақвият ёфта, беш аз пеш пойтахт симои худро дигаргун намуда истодааст. Ин, албатта, аз ғамхориҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ башорат медиҳад.


Масъулин аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дар таъмини тозагии шаҳрак, ободонию созандагӣ, ниҳолу гулшинонӣ, аксия ва ҳашарҳо саҳм гузошта, дар баланд бардоштани маърифати экологии наврасону ҷавонон, бахусус аҳли ҷомеа нақши муҳим гузоранд. Зеро баланд бардоштани маърифати экологӣ аз оила ибтидо гирифта, дар муассисаҳои таълимӣ рушд дода мешавад.

Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» чунин корҳои фаҳмондадиҳиро дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансур низ ба роҳ монад.

Дар робита ба ин бо дастури Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе зери назорати шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди канали Оқ-қурғони ноҳияи Фирдавсӣ ташаббуси «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Новобаста ба сардиҳои моҳи январ вазъи экологии ноҳия зери назорат қарор дода шуда, ҳамзамон барои таъмини тозагию беҳдошти муҳит дар шаҳраку маҳаллаҳо ва майдончаҳои варзишӣ ҳашарҳо доир гардида истодаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 25, 2023 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад
Дар Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд
15 июл иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ доир мешавад
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Раиси шаҳри Душанбе бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд
Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди кӯчаи Бухоро пайваст ба кӯчаи Ҳабибулло Назаровро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд