Дар Маркази миллии тестӣ даври омӯзишии шиносоӣ бо низоми ИМД барои соли 2023 оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 20 январ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври омӯзишии шиносоиро бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) бо намояндагони сарраёсати шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор, вилояти Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои мамлакат доир менамояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Даври омӯзишӣ дар се сатҳ: ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешавад, ки ҳадафи он сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ бо ин низоми ИМД дар соли 2023 мебошад.
Ҳайати кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барнома ва модули омӯзишӣ барои шарҳу тафсири мавзуъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла муаррифии компютерӣ, маърузаҳои хурд, маводи чопию электронӣ ва ғайра омода намудааст. Дар даври аввал барои 137 нафар корманди муваққатии Марказ – таблиғгарон омӯзишҳо гузаронида мешаванд.
Ҳамчунин аз 26 то 27 январ даври дуюми омӯзишӣ дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ идома ёфта, дар он 3754 нафар намояндагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маориф иштирок мекунанд. Даври сеюми курси шиносоӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои зиёда аз 150 000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 феврал то 10 марти соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД-2023 вохӯриҳои кормандони марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модарони онҳо доир мегарданд.
АКС: Маркази миллии тестӣ








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






