Дар назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Маркази ғизои мактабӣ таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 20.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 январ дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи аввалин Маркази миллии ғизои мактабӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ин марказ ба хотири боло бурдани зарфияти вазорат барои назорати Барномаи ғизои мактабӣ, ки аз ҷониби Россия маблағгузорӣ мешавад, таъсис дода шудааст.
Дар маросим муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев, намоянда ва директори Созмони ҷаҳонии озуқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Мусаллам иштирок доштанд.
«Марказ ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҷараёни иҷрои Барномаи ғизои мактабиро назорат кунад, ки ин қадами муҳим дар роҳи ба хусусияти воқеан миллӣ табдил ёфтани он хоҳад буд. Моҳи декабри соли 2022 Федератсияи Россия барои харидани ғизо барои мактаббачаҳои тоҷик 4 миллион доллари амрикоӣ саҳми иловагӣ ҷудо кард.
Бо дарназардошти ин, ҳаҷми умумии маблағҳои Россия, ки барои Барномаи ғизои мактабӣ дар ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст, беш аз 86 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки Россия ба дастгирии насли ҷавони Тоҷикистони бародар то чӣ андоза таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад», — зикр кард С.Григорев.
Ба гуфтаи Ҷ.Ҷӯразода, Россия ва Созмони ҷаҳонии ғизо дар ташкили ғизои мактаббачагон дар Тоҷикистон саҳми арзанда доранд. Ифтитоҳи Маркази ғизои мактабӣ ҳамкории моро ба сатҳи нав мебарорад.
«Барои таъсиси Маркази ғизои мактабӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби WFP 200 ҳазор доллар ҷудо шудааст. Аз ҳисоби ин маблағ биноҳо таъмир ва бо таҷҳизоти замонавию нармафзор муҷаҳҳаз гардида, фонди музди меҳнати кормандони Марказ ташкил карда шуд», — афзуд муовини аввали вазир.
Барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин лоиҳаи WFP дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 2013 аз ҷониби Федератсияи Россия маблағгузорӣ мешавад. Дар доираи он қариб 440 ҳазор нафар хонандагони синфҳои 1—4-и 2000 мактаби 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба таври доимӣ бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.
Илова бар ин, аз ҳисоби барнома 50 ошхонаи мактабӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар заминаи онҳо 9 гармхона, 5 нонвойхонаи байнимактабӣ ва 1 корхонаи коркарди хӯрокворӣ фаъолият доранд. Илова бар ин, 7 нонвойхонаҳои хусусӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ки бо мактабҳо кор мекунанд.
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев, ҳифзи саломатии кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. «Хӯроки мактабӣ ҳамчун воситаи муассири афзоиши давомот дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф шудааст. Илова бар ин, тадбирҳо оид ба беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар беҳтар кардани тамаркуз ва фаъолияти равонии хонандагон самаранок мебошанд. Феълан вазорат дар ҳоли таҳия қарор дорад ва ба зудӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди устувори ғизои мактабӣ» пешниҳод карда мешавад, ки ба ғизои солим ва бехатар нигаронида шудааст.
Донорҳо барои омода кардани хӯроки гарм мактабҳоро бо маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, намак ва лӯбиёгӣ таъмин мекунанд. Қобили зикр аст, ки 5,5 миллион сомоние, ки барои ғизои мактаббачаго ҷудо мешавад, танҳо барои хӯроки яквақтаи 17-18 ҳазор хонанда басанда аст. Тибқи нақшаи барномаи пешниҳодшуда, то соли 2027 хонандагони синфҳои ибтидоӣ, ки тақрибан 1 миллион нафаранд, 100% бо хӯроки яквақта таъмин карда мешаванд», — гуфт Шералӣ Раҳматуллоев.
Ёдовар мешавем, ки соли 2017 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2027 қабул кард.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Сафорати Россия дар Тоҷикистон








Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид






