Дар роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад

Январь 19, 2023 09:36

ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар навоҳии кӯҳӣ, ҳамчунин дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Лахш, Кӯлоб-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.

Дар натиҷаи гармии рӯзона ва об шудани барфҳо сардии шаб боиси яхбандӣ дар роҳҳо мешавад. Аз ин рӯ, аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз равуо дар қитъаҳои хатарноку осебпазир бо мақсади саёҳат, ҷамъоварии ҳезуму роҳандозии корҳои дигар худдорӣ намоянд.

Кумита ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки агар сафар зарур бошад, бояд аввал мошини худро аз назар гузаронанд, чархҳои фарсударо бо нав иваз кунанд, ҳама лавозимоти барои ин рӯзҳо заруриро бо худ бигиранд.

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳои сарду тармахез эҳтиёткор бошанд ва бе зарурат ба роҳ набароянд.

АКС: КҲФ ва МГ

Январь 19, 2023 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд