Дар Тоҷикистон барои ҷамъоварии омори сайёҳӣ низоми нав ҷорӣ карда мешавад

Январь 9, 2023 10:17

ДУШАНБЕ, 09.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва кумаки техникии Бонки Осиёии Рушд ва ҷалби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ низоми ёридиҳандаи омори сайёҳӣ (TSA -Tourism Satellite Account) ҷорӣ карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд.

Низоми мазкур қисми ёридиҳандаи низоми омори миллӣ буда, нишондиҳандаҳои соҳаро дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муайян хоҳад кард.

Бо ин мақсад дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва мутахассисони Кумита, ширкатҳои сайёҳӣ ва мақомотҳои дахлдор курси омӯзишӣ оид ба ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ ва такмилу соддагардонии низоми иҷозатномадиҳӣ баргузор гардид.

Дар кори омӯзишӣ ба мутахассисон оид ба ташкили дурусти ҷамъоварии омори ташрифи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мамлакат ва такмилу соддагардонии низоми иҷозатномадиҳӣ машварат гузаронида шуд.

Зикр шуд, ки дар Кумита ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҷалби доимии сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ гурӯҳи кори доимоамалкунанда аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуд, ки вазифаи он мукаммал намудани заминаҳои меъёрии омори сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.

Ҳамчунин бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта электронӣ гардонидани портал амалӣ гардида, бо мақсади аз байн бурдани омилҳои инсонӣ раванди гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ низ электронӣ гардонидаа мешавад.

Ҳангоми пурра ҷорӣ гардидани низоми хизматрасониҳои электронӣ барои соҳибкорон (маҳзани ягона оид ба санҷишҳо ва иҷозату иҷозатномаҳо) ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва баланд бардоштани рақобат пазирии бахши хусусӣ, аз чумла муттаҳидкунии вазифаҳои санҷишии мақомоти санҷишӣ, соддагардонии раванди гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ ва ба таври электронӣ ба роҳ мондани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мусоидат менамояд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Январь 9, 2023 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд