ДДЗТ расман мақоми Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро гирифт
ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 номи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода расман ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иваз карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти донишгоҳ хабар доданд.
«Барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ин дастоварди таърихӣ, рӯйдоди муҳим ва иқдоми беназир аст, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба истифода додани бинои замонавии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ин ташаббуси таърихӣ арзи сипос намуда, ваъда медиҳем, ки ҷавобан ба ин ҳама дастгириҳои беназир содиқонаву самимона фаъолият намуда, барои муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон дар арсаи байналмилалӣ саҳми шоиста мегузорем»,-иброз намуданд дар донишгоҳ.
Хотиррасон мекунем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо устодону донишҷӯёни донишкада ва аҳли маорифи пойтахт пас аз ифтитоҳи биноҳои нави Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода пешниҳод намуда буданд, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иваз карда шавад.
Дар ин асос ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо дастур дода шуд, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Хотиррасон мекунем, ки дар донишкада бо 11 забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва форсӣ) аз рӯйи 41 ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мутахассис тайёр карда мешавад.
Дар донишкада зиёда аз 500 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба, аз ҷумла шаҳрвандони 21 кишвари хориҷӣ фаъолият менамоянд, ки 80 нафари онҳо дорои унвони илмӣ мебошанд.
Аз давраи таъсиси донишкада, яъне аз соли 1979 то имрӯз 14 200 нафар мутахассисон омода карда шудаанд, ки 77 фоизи онҳоро мутахассисони равияи омӯзгорӣ ташкил медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки ҳоло хатмкардагони донишкада дар ҳама гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ муваффақона фаъолият доранд.
Ҳамзамон бо ин, донишкада бо 52 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои ҳамкорӣ ба роҳ мондааст, ки ба пешрафти ҳамаҷонибаи фаъолият мусоидат менамояд.
Дар ин давра 2700 нафар шаҳрвандони 19 кишвари дуру наздики хориҷӣ ҳамчун донишҷӯву аспирант, инчунин дар курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзии донишкада таҳсил кардаанд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тақвияти пояи моддиву техникии донишкада, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити таҳсил ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишкада марказҳои омӯзиши забони англисӣ, чинӣ, ҳиндӣ ва куриёӣ таъсис дода шудаанд, ки ҳоло пурсамар фаъолият доранд.
Илова бар ин, соли 2021 дар заминаи факултаи забони англисӣ маркази тестии забони англисӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар байни дигар муассисаҳои таълимӣ ягона мебошад.
Ҳамчунин дар донишкада курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ба роҳ монда шудаанд, ки дар онҳо шаҳрвандони мо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷалб мегарданд.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
ДАР АКСИ БОЛО: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар», 27.09.2022.









Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад






