Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «Макромайн» мутахассисони соҳаи геология омода менамояд

Январь 19, 2023 12:37

ДУШАНБЕ, 19.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «Макромайн» дар Осиёи Марказӣ мутахассисони соҳаи геология омода менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.

Зимни вохӯрии Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо директори ширкати «Макромайн» дар Осиёи Марказӣ Жасхан Байров масъалаи омодагии мутахассисон баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории илмию таълимӣ дар заминаи ихтисосҳои аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, корҳои маркшейдерӣ, инчунин ташкили синфхонаҳои илмию таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва таъмини донишҷӯён бо ҷойи кор баррасӣ шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Оймуҳаммадзода, намояндаи ширкати мазкур Умед Мансуров ва намояндагони донишгоҳ ширкат варзиданд.

 АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Январь 19, 2023 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид