ДЗЮДО. Маҳдудият нисбат ба Ҷаҳонгир Маҷидов барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бардошта шуд
ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маҳдудият барои иштироки варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба дзюдо ва ба даст овардани имтиёзҳои зарурӣ барои дарёфти роҳхати олимпӣ бардошта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.
«Президенти Федератсия дзюдои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир бо шахсони масъули Федератсияи байналмилалии дзюдо оид ба масъалаҳои мубрами рушди дзюдо дар кишвар ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда нисбат ба варзишгарони тоҷик гуфтушунид анҷом дод, ки дар натиҷа Ҷаҳонгир Маҷидов имконияти дубораи иштирокро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба даст овард»,- таъкид намуданд дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2022 Ҷаҳонгир Маҷидов ва Муллораҷаб Халифаев барои вайрон кардани низоми Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) муваққатан аз иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуда, имтиёзҳои онҳо дар раддабандии ҷаҳонӣ бекор карда шуд.
Ҳамзамон масъалаи иштироки Муллораҷаб Халифаев дар мусобиқаҳо аз Тоҷикистон ба Федератсияи дзюдои Россия алоқаманд буда, мавриди баррасӣ қарор дорад.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






