ЭҲТИЁТ БОШЕД! Дар 29 кишвари ҷаҳон зернамунаи нави коронавирус- XBB.1.5 паҳн мешавад

Январь 6, 2023 10:47

ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар 29 кишвари ҷаҳон зернамунаи нави коронавирус- XBB.1.5.-ро маълум карданд. Дар ин бора дирӯз, 5 январ дар нишасти хабарӣ барои кишварҳои узви СУТ дар Женева директори генералии созмон Тедрос Гебрейесус иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти созмони умумиҷаҳонӣ.

Тедрос Гебрейесус ваъда дод, ки СУТ вазъро назорат мекунад ва изҳори умедворӣ намуд, ки соли 2023 ба пандемияи COVID-19 хотима додан мумкин аст.

Ба гуфтаи роҳбари СУТ, дар тӯли бештари соли гузашта COVID-19 дар ҳоли коҳиш буд, миқёси ваксинаҳо афзоиш ёфт, доруҳои нави зиддивирусӣ пайдо шуданд, ки ба коҳиш додани фавтнокӣ мусоидат карданд.

«Нишондиҳандаҳои гирифторӣ ва бистарӣ шудан афзоиш меёбанд. Ҳар ҳафта аз COVID-19 тақрибан 10 ҳазор нафар мефавтанд. Рақамҳои воқеӣ шояд бештар аз ин бошанд»,-иттилоъ дод Тедрос Гебрейсус ба намояндагони кишварҳои узви СУТ.

Роҳбари СУТ зикр кард, ки омикрони XBB.1.5 бори аввал моҳи октябри соли 2022 муайян карда шуд. Ҳоло он дар 29 кишвари ҷаҳон паҳн мешавад ва густариши он дар баъзе минтақаҳо босуръат меафзояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: СУТ/К.Блэк

Январь 6, 2023 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад