ФАРЗАНДОНИ НОБОЛИҒРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Дар Муъминобод ва Ҳисор кӯдакон зери ях мондаанд
ДУШАНБЕ, 23.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Се кӯдаки хурдсол, сокинони деҳаи Ғарабдараи Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҳангоми лижаронӣ дар болои яхи обанбори сунъӣ ба об афтодаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳодиса 21 январ, тақрибан соати 17:30-и вақти маҳаллӣ рух додааст. Ба иттилои манбаъ, ду кӯдак 5-сола ва як нафар 4-сола будаанд. Ҷасади кӯдаконро сокинони деҳа аз об бароварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Ҳамзамон 19 январ, тахминан соати 16:30-и вақти маҳаллӣ ҳангоми гузаштан аз дарёи Хонақоҳ, ки ях баста буд, як хоҳар ва бародари 16 ва 7 – сола, сокинони деҳаи Гачаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор ба зери ях фурӯ рафтаанд. Бо талоши ҳамсояҳо писарбача аз марг наҷот дода шуд.
Ҷустуҷӯи духтари ноболиғ то соати 18:40 идома карда, баъдан ҷасади ӯро 30 метр поёнтар аз маҳалли ҳодиса пайдо намуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд ва ба онҳо зарурати риояи қоидаҳои бехатариро фаҳмонанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






