ФАРЗАНДОНИ НОБОЛИҒРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Дар Муъминобод ва Ҳисор кӯдакон зери ях мондаанд

Январь 23, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 23.01.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Се кӯдаки хурдсол, сокинони деҳаи Ғарабдараи Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҳангоми лижаронӣ дар болои яхи обанбори сунъӣ ба об афтодаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳодиса 21 январ, тақрибан соати 17:30-и вақти маҳаллӣ рух додааст. Ба иттилои манбаъ, ду кӯдак 5-сола ва як нафар 4-сола будаанд. Ҷасади кӯдаконро сокинони деҳа аз об бароварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ҳамзамон  19 январ, тахминан соати 16:30-и вақти маҳаллӣ ҳангоми гузаштан аз дарёи Хонақоҳ, ки ях баста буд, як хоҳар ва бародари 16 ва 7 – сола, сокинони деҳаи Гачаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор ба зери ях фурӯ рафтаанд. Бо талоши ҳамсояҳо писарбача аз  марг наҷот дода шуд.

Ҷустуҷӯи духтари ноболиғ то соати 18:40 идома карда, баъдан ҷасади ӯро 30 метр поёнтар аз маҳалли ҳодиса пайдо намуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд ва ба онҳо зарурати риояи қоидаҳои бехатариро фаҳмонанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 23, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд