Федератсияи футболи вилояти Хатлон беҳтаринҳои мавсими 2022-ро қадрдонӣ намуд
ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи вилояти Хатлон 4 январ дар шаҳри Бохтар натиҷаи мавсими футболи гузаштаро ҷамъбаст намуда, беҳтаринҳоро аз рӯйи номинаҳои гуногун муайян кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш Раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилоят, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Қурбон Ҳакимзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ва дигар меҳмонони фахрӣ ширкат намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода маросимро ифтитоҳ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки соли 2023 барои дастаҳои вилояти Хатлон боз ҳам пурсамару бобарор хоҳад буд.
Сипас дар номинаҳои гуногун мукофотҳои инфиродӣ супорида шуданд. Беҳтарин бозигарон ва мураббиёни футболи наврасону занона, чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум, инчунин чемпионати ҷумҳурӣ миёни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон мукофотонида шуданд.
Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ки дар мавсими 2022 ғолиби Лигаи якуми Тоҷикистон гардид, соҳиби медалҳои тилло шуд. Дастаи «Равшан», ки дар Лигаи олии Тоҷикистон-2022 мақоми дувумро гирифт, бо медалҳои нуқраи чемпионат сарфароз шуд.
Илова бар ин ғолибону ҷоизадорони чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон ҳам мукофотонида шуданд. Дар ин минтақа ғолиби Лигаи дуюм дастаи «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминобод гардид. Медалҳои нуқра ба бозигарони дастаи «Нури деҳот» (Панҷ) супорида шуда, медалҳои биринҷӣ насиби дастаи «Хуросон» гардиданд.
Акс: ФФТ








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






