ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии якуми санҷиширо бо дастаи Ироқ мусовӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 24.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия нахустин бозии санҷишӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳарифони дастаи мо ҷавонони Ироқ (U-20) буданд. Вохӯрӣ 23 январ дар маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ» доир шуда, бо ҳисоби мусовии 0:0 поён ёфт.
Бозии навбатии санҷишии худро дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия тими ҷавонони Тоҷикистон 26 январ бо бошгоҳи «Бухоро», ки роҳбарии онро дастпарвари футболи тоҷик Ҳаким Фузайлов бар уҳда дорад, баргузор мекунад.
Бозии санҷишӣ
ТОҶИКИСТОН (U-20) – Ироқ (U-20) – 0:0
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати асосӣ): Суҳробхӯҷа Юсупов, Содиқҷон Қурбонов, Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло, Фахриддин Ахтамов, Азизбек Ҳайитов, Алиҷони Айнӣ, Салам Ашӯрмамадов, Амадонӣ Камолов, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдозода.
23 январ. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ».
Акс: ФФТ








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






