ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи шомили Cуперлигаи Узбекистон бозии санҷишӣ мегузаронад

Январь 26, 2023 09:50

 ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи шомили Суперлигаи Узбекистон бозии санҷишӣ мегузаронад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия идома медиҳад.

27 январ дастаи ҷавонони мо дувумин бозии санҷишии худро дар ҷамъомади тамринии Анталия баргузор мекунад. Шогирдони Олег Кубарев ин дафъа бо дастаи «Бухоро», ки онро сармураббии собиқи тими миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов роҳбарӣ мекунад, бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд.

Қаблан дар дидори аввал дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Ироқ натиҷаро мусовӣ кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Бозии санҷишӣ

27 январ (ҷумъа)

ТОҶИКИСТОН (U-20) – «Бухоро» (Узбекистон)

Анталия, Туркия

Акс: ФФТ

Январь 26, 2023 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд