ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар «Ҷоми Рушд-2023» иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 06.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» ширкат менамояд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023», ки аз 5 то 11 феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ҳашт даста ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Россия, Эрон ва Беларус рақобат мекунад. Дар чаҳоргонаи «А» дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Беларус, Қазоқистон, Узбекистон ва Россия бозӣ мекунанд.
Тибқи низомномаи мусобиқа, дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила рақобат менамоянд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал бо ҳам вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ миёни ҳам мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8 бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.
Барои дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ширкат дар Мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» дар шаҳри Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки имсол дар Тайланд баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.
Акс: ФФТ








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод






