ФУТБОЛ. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Туркия бо дастаи «Бухоро» бозии санҷишӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 28.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси белорусӣ Олег Кубарев дар ҷамъомади таълимиву тамринии Анталия бозии дуввуми санҷишии худро баргузор кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.
27-уми январ дастаи ҷавонони мо бо дастаи «Бухоро»-и Суперлигаи Узбекистон, ки онро сармураббии собиқи мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов роҳбарӣ мекунад, бозии санҷишӣ анҷом дод.
Бозӣ дар Маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ»-и Сиде баргузор шуда, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи «Бухоро» анҷом ёфт. Голи ягонаро аз ҳайати мунтахаби мо Сунатулло Азизов зад.
Қаблан дар бозии аввали рафиқона мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Ироқ натиҷаро мусовӣ (0:0) карда буд.
То охири ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия дастаи ҷавонони кишвар боз панҷ бозии дӯстонаи дигар баргузор мекунад.
Акс: ФФТ








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






