Иқтидору имконияти иқтисодӣ ва энергетикии Тоҷикистон дар Алҷазоир муаррифӣ карда шуд

Январь 30, 2023 17:34

ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари кории ҳайати  парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи 17-уми Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ дар мавзӯи  «Таҳдидҳо, бозсозӣ ва рушд»  иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронӣ тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон авлавиятро дар ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои Созмон дар ҳалли ҳадафҳои стратегии мамлакат — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мебинад. Истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии мамлакат, ки яке аз манбаъҳои асосии тавлиди «энергияи сабз» ба шумор мераванд, аз ҷумлаи афзалияти  он мебошанд.

Мавсуф иброз дошт, ки Тоҷикистон дар айни замон аз рӯи фоизи истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда ва аз лиҳози экологӣ тоза, ки яке аз заминаҳои асосии ташаккул ёфтани «иқтисоди сабз»-ро ташкил медиҳад, дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷойгир аст.  Ҳукумати Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки ояндаи наздик иқтидорҳои гидроэнергетикии худро дучанд афзоиш диҳад ва барои ин мақсадҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ҳамзамон бо ин Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохтории дорои аҳаммияти минтақавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.

«Мақсади мо аз татбиқи ин лоиҳаҳо тавсеаи имконияти транзитии минтақа бо роҳи ташаккул додани долонҳои нақлиётӣ ба самти бандарҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд намудани терминалҳои наздисарҳадиву марказҳои логистикӣ, аз ҷумла «бандарҳои хушкӣ» мебошад. Тоҷикистон дорои манбаи азими об, аз ҷумла оби ошомиданӣ мебошад ва  аз рўи захираҳои он дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд.


Аз ин лиҳоз, кишвари мо соҳаи мудирият ва истифодаи оқилонаи захираҳои обиро ҳамчун самти муҳими ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ менамояд»,-гуфт Муҳаммадтоир Зокирзода.

Ҳоло Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  дар хусуси  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ки бо ташаббуси кишвари мо қабул гардидааст, мавриди татбиқ қарор дорад. Аз 22 то 24 марти соли равон бори дуввум дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Конфронси оби Созмон баргузор мешавад, ки дар чорчўби он раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи мазкур арзёбӣ мегарданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон илова намуд, ки «бо қаноатмандӣ иброз карданиам, ки чанде пеш,  14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми давлати моро дар соҳаи об бо қабули қатъномаи махсуси худ якдилона тасдиқ намуд. Тибқи ин қатънома, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, аз оғози соли 2025  санаи 21 март ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад».

Мавриди тазаккур аст, ки мутобиқи ин қатънома, инчунин  дар назди СММ Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзўъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе гузаронидани конфронси сатҳи баланди СММ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи 17-уми Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ намояндагони зиёда аз 50  давлати ҷаҳон иштирок намуда, дар ҷараёни чорабинӣ вакилони парлумон якчанд масъалаҳо, аз қабили ваҳдати Африқо дар баробари чолишҳо ва таҳдидҳои нав, ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати муҳоҷират ва оқибатҳои буҳрони ғизоӣ барои минтақаро баррасӣ намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

Январь 30, 2023 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»