ИМРӮЗ ПЕЛЕРО ДАФН МЕКУНАНД. ФИФА азм дорад ба поси хотири футболбози машҳури ҷаҳон дастикам як варзишгоҳро дар ҳар кишвар ба номи ӯ гузорад

Январь 3, 2023 12:31

ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 январ, Пелеро дар бузургтарин қабристони амудии ҷаҳон дар Бразилия ба хок месупоранд. Рӯзи душанбеи 2 декабр мухлисони футболбози машҳур Пеле дар варзишгоҳи дастаи «Сантос»-и иёлати Сан-Паулу бо бути худ видоъ карданд. Ба самти варзишгоҳи «Сантос Урбано Калдейра» ба хотири гиромидошти шоҳи футбол навбатҳои тӯлонӣ ба вуҷуд омадаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба BBC.

Мардум аз шаб барои видоъ бо қаҳрамони фавқулодаи футболи ҷаҳон дар назди майдон ҷамъ омада буданд. Баъзеҳо бо аҳли оилаашон ва инчунин бо кӯдакони хурдсол омадаанд. Аксари мухлисони Шоҳи футбол либоси дастаи мунтахаби миллии Бразилия ё дастаи «Сантос»-ро ба бар кардаанд.

Маросими видоъ расо як рӯз давом мекунад.


Чемпиони секаратаи ҷаҳон Пеле 29 декабр дар синни 82 даргузашт. Ҳамлагари дастаи мунтахаби Бразилия муддати тӯлонӣ бо саратон, ки тирамоҳи соли 2021 дар ӯ ошкор шуда буд, мубориза мебурд. Бозигари собиқи «Сантос» аз муолиҷаи кимиётерапевтӣ гузашт, вале баъдан бадани ӯ ба табобат тоб наовард.

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) бо аъзои дигар созмонҳои футбол имкони гузоштани дастикам як варзишгоҳ дар ҳар кишвар ба номи футболбоз Пелеро баррасӣ мекунад, изҳор кардааст президенти ФИФА Ҷанни Инфантино.

АКС: Reuters

Январь 3, 2023 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад