Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Москва боздид карданд

Январь 20, 2023 16:48

ДУШАНБЕ, 20.01.2023 /АМИТ «Ховар»/.  18 январ дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москва боздид ба амал оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони мазкур бо сабаби вайрон намудани қоидаҳои будубоши давлати иқомат муваққатан боздошт гардидаанд. Зимни боздид кормандони Сафорат бо  роҳбари муассисаи мазкур Алексей Лагода мулоқот анҷом доданд.

Дар суҳбат масоили марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштшуда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа худи ҳамон рӯз 10 нафар  шаҳрвандони дар ин муассиса нигоҳдоришаванда ба Ватан фиристода шуданд.

Дар доираи боздид бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ сурат гирифт. Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират маълумот дода шуда, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо пешниҳод шуданд.

Ҳамзамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал супорида шуд.

Боздид аз боздоштгоҳҳои муваққатии муҳоҷирон дар маркази таваҷҷуҳи Сафорат қарор дошта, ин иқдом пайваста анҷом дода мешавад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Январь 20, 2023 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид