Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон омодагиҳоро ба чемпионати CAFA-2023 оғоз кард

Январь 12, 2023 12:40

ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ дар Душанбе тамринро шурўъ кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ 21 бозингар даъват шудааст, ки аз ин шумора 14 бозингар ба дархости ниҳоӣ ҷиҳати ширкат дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал, ки аз 25 то 31 январ дар Тошканд баргузор мешавад, ворид мегардад.

Дар чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал миёни дастаҳои занона мунтахабҳои Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Мусобиқа аз рӯйи низоми даврӣ, дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Ҳайати васеи мунтахаби миллии футзали занонаи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова, Рӯзигули Ҳасан, Муниса Гулова (ҳама аз «Зебонисо»), Дилноза Нурова, Фараҳноз Холмуродова (ҳарду аз «Хатлон»);

Бозигарон: Некубахт Худододова, Карина Мирзоева, Нисо Абдуллоева, Ҷонона Қурбонова, Марҷона Саидова, Шамсия Ҳусейнова, Малика Қаюмова (ҳама аз «Зебонисо»), Мадина Фозилова (бе бошгоҳ), Зулайхо Сафарова, Лайло Ҳалимова, Беназир Ҷумахонзода, Меҳрангез Шарипова (ҳама аз «Хатлон»), Комила Расулова (МВЗО №27 «Сокол», Москва), Рухшона Файзуллоева, Мунаввар Назарқулова (ҳарду аз «Суғд») ва Марҷона Файзуллоева («Зебо», Дӯстӣ).

Акс: ФФТ

Январь 12, 2023 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид