МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА СОКИНОНИ ПОЙТАХТ. Дар рӯзҳои сарди зимистон бидуни зарурат ба сафар набароед!
ДУШАНБЕ, 11.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои сарди зимистон, яъне аз 10 то 14 январи соли равон бидуни зарурат ба сафар набароянд. Чунин омадааст дар муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт.
Дар муроҷиатномаи мазкур зикр шудааст, ки сокинон аз гаштугузори бемаврид худдорӣ карда, нақлиёти шахсии худро истифода набурда, аз нақлиёти мусофиркашии ҷамъиятӣ самаранок истифода баранд. Ҳамчунин дар истифодаи дастгоҳ ва таҷҳизоти барқӣ эҳтиёткор буда, фарзандони худро беназорат нагузоранд.
«Дар ҳолати риоя кардани қоидаҳои бехатарӣ, худ ва наздиконатонро аз хавфу хатар эмин нигоҳ хоҳед дошт», — омадааст дар муроҷиатнома.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавошиносии мамлакат бинобар ба вазъи ҳавои баамаломада ба сокинон пайваста ҳушдор медиҳанд, ки дар рӯзҳои сарди зимистон эҳтиёткор бошанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






