МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА СОКИНОНИ ПОЙТАХТ. Дар рӯзҳои сарди зимистон бидуни зарурат ба сафар набароед!

Январь 11, 2023 09:29

ДУШАНБЕ, 11.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои сарди зимистон, яъне аз 10 то 14 январи соли равон бидуни зарурат ба сафар набароянд. Чунин омадааст дар муроҷиатномаи  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт.

Дар муроҷиатномаи мазкур зикр шудааст, ки сокинон аз гаштугузори бемаврид худдорӣ карда, нақлиёти шахсии худро истифода набурда, аз нақлиёти мусофиркашии ҷамъиятӣ самаранок истифода баранд. Ҳамчунин дар истифодаи дастгоҳ ва таҷҳизоти барқӣ эҳтиёткор буда, фарзандони худро беназорат нагузоранд.

«Дар ҳолати риоя кардани қоидаҳои бехатарӣ, худ ва наздиконатонро аз хавфу хатар эмин нигоҳ хоҳед дошт», — омадааст дар муроҷиатнома.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавошиносии мамлакат бинобар ба вазъи ҳавои баамаломада ба сокинон пайваста ҳушдор медиҳанд, ки дар рӯзҳои сарди зимистон эҳтиёткор бошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 11, 2023 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад