ҶОМИ ОСИЁ-2023. Футболбозони ҷавони тоҷик имрӯз бо дастаи ЛКС-и Лаҳистон бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд

Январь 31, 2023 14:07

ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия боз як бозии санҷишӣ анҷом медиҳад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ин дафъа дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо дастаи ЛКС аз шаҳри Лодзии Лаҳистон, ки пешсафи Лигаи якуми футболи ин кишвар мебошад, сурат мегирад. Вохӯрии дастаҳо дар маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ»-и Сиде, соати 18:00 баргузор мешавад.

Мавриди зикр аст, ки қаблан дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо ҳамсолонашон аз Ироқ бо ҳисоби мусовӣ- 0:0 бозӣ карда, аз дастаи Суперлигаи Узбекистон «Бухоро» бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд. То охири ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон боз панҷ бозии дӯстонаи дигар баргузор мекунад.

Бозии санҷишӣ

Тоҷикистон (U-20) – ЛКС (Лаҳистон)

Оғози бозӣ: 18:00

31 январ. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ».

Акс: ФФТ

Январь 31, 2023 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд