Рақиби аввалини варзишгари тоҷик Нурулло Алиев дар «UFC Fight Night» муайян шуд
ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Размикори бразилӣ Рафаэл Алвес рақиби аввалини варзишгари тоҷик Нурулло Алиев дар «UFC Fight Night» интихоб шуд. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ин муҳориба 26 феврали соли 2023 дар шаҳри Лас Вегаси ИМА баргузор мешавад.
Размикори 23-сола Нурулло Алиев аввалин варзишгари Тоҷикистон аст, ки имкони дар UFC ҳунарнамоӣ карданро пайдо намуд. Ӯ моҳи сентябр, баъди ғалаба бар варзишгари амрикоӣ Ҷош Вик, дар мусобиқаи Dana Whits Contender Series бо ташкилоти UFC барои баргузории чаҳор рақобат қарордод ба имзо расонд.
Дар сурати ду ғалаба ӯ имкон дорад, барои чаҳор рақобати дигар шартнома бандад. Нурулло то инҷониб 7 муҳориба гузаронида, дар ҳамаи онҳо пирӯзӣ ба даст овардааст.
Ӯ соли 2000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ҷоизадор ва унвондори мусобиқаҳои байналмилалии зерин мебошад: EFC, AMC Fight Global ва Samara MMA Federation.
Мавриди зикр аст, ки варзишгари 32-солаи бразилӣ Рафаэл Алвес 30 муҳориба гузаронида, 20 ғалаба ва 10 бохтро дар корномаи варзишиаш сабт намудааст. Рафаэл Алвес қаҳрамони мусобиқаи Titan FC миёни размандагон мебошад. Ин варзишгар аввалин рақобати худро дар UFC соли 2021 муқобили намояндаи қазоқ Дамир Исмагулов гузаронида, мағлуб шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






