РАСМАН. Игор Черевченко сармураббии «Истиқлол» таъйин шуд

Январь 18, 2023 16:55

ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе миёни Клуби футболи  «Истиқлол» ва сармураббии нави даста Игор Черевченко шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба КФ «Истиқлол» хабар медиҳад.

«Раҳбарияти клуби футболи «Истиқлол» номзадии Игор Черевченкоро ба вазифаи сармураббии даста тасдиқ кард», — хабар доданд дар КФ КФ «Истиқлол».

Шартномаи корӣ бо мураббии маъруф ва собиқ бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон то охири соли 2023  баста шудааст.

Сармураббии нави даста Игор Черевченко  муваззаф шудааст, ки дар ҳамаи мусобиқаҳое, ки чемпиони чандкаратаи Тоҷикистон оид ба футбол иштирок мекунад, бояд натиҷаҳои хуб нишон диҳад ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардад.

Ба Игор Черевченко дар «Истиқлол» дастпарвари дигари футболи тоҷик,  собиқ футболбози дастаи «Помир»-и Душанбе Юрий Батуренко  кумак мекунад, ки ёвари сармураббӣ таъйин шудааст.  Шартнома бо Юрий Батуренко низ то охири соли равон баста шуд.

АКС: КФ «Истиқлол»

Январь 18, 2023 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард