Робитаҳои илмӣ миёни марказҳои тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон тавсеа меёбанд
ДУШАНБЕ, 20.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 январ дар шаҳри Остона зимни мулоқоти Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов масъалаи тавсеаи робитаҳои илмии тадқиқоти стратегии ҳарду давлат баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад.
Дар доираи сафар мавсуф бо директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов ҳамкорӣ ва тавсеаи робитаҳои илмии ин кишварро бо Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон арзишманд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамкорӣ дар ин самт минбаъд низ густариш меёбад.
Хайриддин Усмонзода вобаста ба мавқеъгирии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.
Ҷонибҳо доир ба самтҳои сиёсати хориҷӣ ва амният, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохтор, фарҳанг ва гуманитарӣ, ҳифзи муҳити зист, инчунин роҳҳои асосии тараққиёти инсоният дар давраи миёнамуҳлат суҳбат намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






