Сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қариб ба 79 ҳазор нафар мерасад
ДУШАНБЕ, 20.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ, сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди пойтахт 78 ҳазору 900 нафарро ташкил медиҳад, ки дар атрофи 949 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид шуда, дар муқоиса ба соли қаблӣ 28 ташкилоти ибтидоӣ афзоиш ёфтааст. Ин матлаб 19 январ дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баён гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ҷаласаи мазкур дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб, кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт, фаъолони ҳизб ва вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин намояндагони ВАО иштирок карданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои гузориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гардиданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода иброз дошт, ки дар ин давра ҳизбиёни пойтахт ҷиҳати таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, аз ҷумла муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ бо ширкати фаъолона ва иқдому ташаббусҳои худ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ нақши арзанда гузоштанд.
Мавсуф зикр дошт, ки дар ин давра аз ҷониби сохторҳои ҳизбии пойтахт 12 ҳазору 420 мулоқот ва соати сиёсӣ оид ба корҳои таблиғотиву ташвиқотии Паёми Президенти мамлакат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, қонунҳои миллӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ гузаронида шуданд. Инчунин ба 1634 нафар аз оилаҳои ниёзманд кумакҳои ғизову хӯрокворӣ расонида, сарпарастии 9 нафар маъюбону оилаҳои ниёзмандро ба зимма гирифта, ба онҳо ҳар моҳ нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ расонида истодаанд.
Гуфта шуд, ки баҳри татбиқи сиёсати гендерӣ, пешгирии хушунати оилавӣ, мустаҳкам намудани пояҳои оиладорӣ, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, вусъати тарзи ҳаёти солим, тақвияти ватанпарастии ҷавонон аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ 2407 мулоқоту суҳбат, ҳамоишу аксия, барномаҳои фарҳангиву сиёсӣ ва маҳфили маърифативу иттилоотӣ бо фарогирии 174 ҳазору 462 нафар ҷавонону занон доир гардид, ки дар муқоиса ба давраи соли гузашта 228 чорабинӣ зиёд мебошад.
Дар ҷараёни ҳамоиш як зумра фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сипосномаю ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






