Сафир паёми шодбошии Президенти Тоҷикистонро ба мардуми Олмон расонид
ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Соли нави милодӣ ба мардуми кишвари иқомат расонид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати ҶТ дар ҶФО.
Ба иттилои манбаъ, 12 январи соли 2023 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар Қасри Белвю дар пазироии солинавии Президенти федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок намуд.
«Сафир паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Соли нави милодӣ ба Франк-Валтер Штайнмайер ва мардуми Олмон расонид», — омадааст дар хабари Сафорат.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Франк-Валтер Штайнмайер роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Берлинро бо Соли нав табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияташон комёбиҳо таманно кард.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Олмон








Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд






