Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарияти Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 январ дар қароргоҳи котиботи Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ дар Риёз мулоқоти машваратии дуюми роҳбарияти Шӯрои мазкур бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тоҷикистонро дар ин мулоқот Сафири кишвар дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ намояндагӣ кард.
Нишасти мазкур ҷиҳати пайгирии натиҷаҳои ҷаласаи якуми муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ, ки 7 сентябри соли 2022 дар Риёз баргузор гардида буд, доир шуд.
Ёдовар мешавем, ки 7 сентябри соли 2022 дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ нахустин ҷаласаи муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар поёни ҷаласа Баёнияи муштарак, инчунин Харитаи роҳи ҳамкории муштарак барои солҳои 2023-2026 қабул гардид.
Акс: ВКХ ҶТ








Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд






