Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ЭКО иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 21.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 январ дар Тошканд ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ШВКХ ЭКО) таҳти раёсати Узбекистон баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Тоҷикистонро дар нишаст Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин намояндагӣ мекунад.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, дар нишаст, ки дар чаҳорчӯби раёсати Узбекистон дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад, ҳайатҳои давлатҳои аъзои ин созмон таҳти роҳбарии вазирони корҳои хориҷӣ ва дабири кулли ЭКО Хусрав Нозирӣ иштирок хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки 27 ноябри 2021 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷаласаи 25-уми Шӯрои вазирони Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардида буд.
Зимни ҷаласа вазирони корҳои хориҷии ЭКО масъалаҳои тавсеаи ҳамкориро дар самтҳои афзалиятноки дар Дурнамои ЭКО 2025 пешбинишуда баррасӣ карданд. Бо эътирофи фаъолияти ЭКО ва саҳми он дар рушди минтақа, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узв изҳор доштанд, ки барои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои ЭКО дастгирии доимии худро идома хоҳанд дод.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласа саҳми ЭКО-ро дар тавсеа ва таъмиқи ҳамкорӣ барои мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва беҳбуди иҷтимоӣ дар минтақа таъкид кард.
Ӯ иброз дошт, ки сарфи назар аз мушкилоте, ки дар назди созмон истодаанд, дар ин соҳаҳо пешравии назаррас ба даст оварда шудааст. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ибрози назар кард, ки танҳо иқдоми муштарак ва ҳамоҳангшуда метавонад барои рафъи ин мушкилот мусоидат намояд.
АКС аз бойгонӣ








Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд






