СММ барои аз байн бурдани маҳдудияти таҳсил ва кори занони Афғонистон берун аз хона талош хоҳад кард

Январь 29, 2023 16:45

ДУШАНБЕ, 29.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. СММ талош дорад, ки маҳдудияти таҳсил ва кори занони Афғонистонро берун аз хона лағв кунад. Дар ин бора чанде пеш зимни нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад, ки аз сафар ба Афғонистон ва кишварҳои минтақа баргашт, ба хабарнигорон изҳор дошт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази иттилооти ин созмон.

«СММ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то «Толибон»* манъи таҳсил ва кори занони Афғонистонро берун аз хона лағв намояд. Дар чаҳорчӯби ин талошҳо намояндагони баландпояи СММ на танҳо дар худи Афғонистон, балки дар маҷмӯъ дар минтақа машварат гузаронида, аз ҷаҳони ислом ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд, ки ҳамчун «ҷабҳаи муттаҳид» баромад кунанд ва ба толибон хотиррасон созанд, ки ислом барои занон хондан ва кор карданро манъ накардааст», — гуфт ӯ.

Амина Муҳаммад ҳайатеро, ки ба он директори иҷроияи Созмони «Занони СММ» Сема Бакчус ва ёвари Дабири кулл, намояндаи Департаменти корҳои сиёсӣ ва бунёди сулҳ Холид Ҳиёрӣ низ шомил буданд, роҳбарӣ мекард.

Намояндагони СММ аз Кобул ва Қандаҳор дидан карда, дар он ҷо бо сокинони маҳаллӣ, кормандони ташкилоти башардӯстона, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шахсиятҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ мулоқот карданд.

Ҳайати СММ ҳамчунин вазъи занони афғонро бо роҳбарияти Созмони ҳамкории исломӣ, Бонки исломии рушд, гурӯҳҳои занон дар Анқараву Исломобод ва сафирони давлатҳои минтақа баррасӣ намуд.

«Мо мехоҳем, ки давлатҳои ҷаҳон амалҳои худро пурзӯр намоянд, — гуфт муовини аввали Дабири кулли СММ. — То дар Афғонистон тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мо барои баргардонидани он чизе, ки моҳҳои охир аз даст додаем, мусоидат кунанд (сухан дар бораи нақзи ҳуқуқи занон дар Афғонистон ва барҳам задани муваффақиятҳои тайи даҳсолаҳои охир дар ин самт меравад, — тавзеҳи АМИТ «Ховар»)».

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, ҳукумати Афғонистон таҳти роҳбарии ҳаракати «Толибон»* кошонаҳои ҳусни занонаро ба муҳлати даҳ рӯз баста, фаъолияти бонувонро дар марказҳои савдо манъ кард.

Ҳаракати «Толибон»* инчунин бар хилофи тамоми меъёрҳои байналмилалӣ ба созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон дастур дод, ки фаъолияти занонро дар ниҳодҳояшон қатъ гардонанд.

Ҳамчунин расонаҳои Афғонистон гузориш доданд, ки вазорати таҳсилоти олии ҳукумати «Толибон» дастур гирифтааст, ки таҳсили донишҷӯдухтаронро дар донишгоҳҳои хусусӣ ва давлатӣ қатъ намояд. Вазири таҳсилоти олии Афғонистон гуфт, ки таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои дунявӣ хилофи қавонини ислом ва суннатҳои исломӣ мебошад.

_______________

*Ҳаракати «Толибон» дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мамнӯъ буда, барои фаъолияти террористӣ зери таҳримоти СММ қарор дорад

АКС аз маркази иттилооти СММ

Январь 29, 2023 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРОИ АЗ БАНДИ ХУРОФОТ РАҲО ШУДАН ЧӢ БОЯД КАРД? Андешаи чанд нафар намояндагони касбу кори гуногун дар ин мавзуъ
Чӣ бояд кард, то шахс ба доми хатарбори ҳизбу созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ наафтад?
Тоҷикистон даҳсолаҳо боз дар сафи пеши муқовимат бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад
НАДОНИСТАНИ ҚОНУН ҶАВОБГАРИРО ИСТИСНО НАМЕКУНАД! Ахбороти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистие, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ карда шудааст
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд