Соли гузашта тақрибан 1,5 миллион нафар сайёҳони Тоҷикистон аз Узбекистон дидан намуданд

Январь 18, 2023 11:52

ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи сайёҳии Узбекистон барқарор мешавад ва соли гузашта боздиди сайёҳони хориҷӣ аз ин кишвар 2,8 баробар афзудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи маълумот, соли 2022 аз Узбекистон 5,2 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади саёҳат дидан кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 3,4 миллион нафар ё 2,8 маротиба бештар аст.

Тақрибан сеяки тамоми сайёҳони хориҷиро шаҳрвандони Қазоқистон – 1 551,1 ҳазор нафар ташкил додаанд. Ҳамчунин ба сегонаи пешсафони ҷараёни сайёҳӣ кишварҳои ҳамсояи Узбекистон: Тоҷикистон бо 1 447,1 ҳазор ва Қирғизистон бо 1 356,9 ҳазор сайёҳ шомил шуданд.

Теъдоди сайёҳон аз Россия 567,7 ҳазор нафарро ташкил дод. Аз кишварҳои хориҷи дур 277 ҳазор сайёҳ, аз ҷумла 75,6 ҳазор нафар аз Туркия, 19,9 ҳазор нафар аз Кореяи Ҷанубӣ, 17,7 ҳазор нафар аз Олмон, 16,8 ҳазор нафар аз Ҳиндустон ва 13,1 ҳазор нафар аз ИМА ба Узбекистон омадаанд.

Қаблан иттилоъ расида буд, ки аз 2 январи соли 2023 дар панҷ фурудгоҳи Узбекистон гӯшаҳои Tax Free ба кор шурӯъ кардаанд, ки дар онҳо сайёҳони хориҷӣ метавонанд маблағи андоз аз арзиши иловашудаи моли харидаро баргардонанд.

АКС: Podrobno.uz.

Январь 18, 2023 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд