СОЛИ НАВИ ЧИНӢ. Дар Чин дар робита ба Ҷашни баҳор талотуми анъанавӣ оғоз гардид

Январь 10, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чин ташвишҳои анъанавӣ ба муносибати фарорасии ҷашни баҳор (Чунтзе, Соли нави чинӣ) оғоз ёфтанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора нашрияи англисизабони чинӣ Global Times иттилоъ додааст.

Аз 7 январ муҳоҷирати мавсимии аҳолии Чин, ки бо ҷашни баҳор алоқаманд аст оғоз ёфт. Муҳоҷират тўли 40 рӯз идома меёбад.

Ба гуфтаи коршиносон, дар ин муддат тақрибан 2 миллиард сафар анҷом дода мешавад, ки ин назар ба соли 2022 тақрибан ду баробар зиёд аст.

Дар ин миён, аз 8 январ Чин ба марҳилаи нави вокуниш ба COVID-19 ворид шуда, барои мубориза бо бемориҳои сироятии қатори В чораҳо андешида  мешаванд. Дар ин рӯз расман барасмиятдарории гумрукӣ дар чанд бандар аз нав фаъол шуд ва гардишгарии фаромарзӣ, ки се сол боз мутаваққиф шуда буд, дубора ифтитоҳ ёфт. Ин бо афзоиши ҷустуҷӯ ва фармоиши парвозҳову меҳмонхонаҳо, инчунин интизории бошавқу завқи сайёҳони чинӣ дар бисёр кишварҳо ҳамроҳ буд. Дар Чин бо такмил додани пайвастаи чораҳои пешгирӣ ва мубориза бо эпидемия, одамон дар вақтҳои охир аллакай тағйироти возеҳро эҳсос кардаанд — дар кӯчаҳо рафтуои мошинҳои зиёд, шумораи бештари одамон дар тарабхонаҳо, майдончаҳои бозӣ ва бозорҳои истеъмолии саросари кишвар ба чашм мерасанд.

Соли нави чинӣ барои ин мардум муҳимтарин ҷашн аст, ки беш аз ду ҳазор сол боз таҷлил карда мешавад. Соли навбатӣ тибқи тақвими чинӣ 22 январ оғоз гардида, онро то 5 феврал  таҷлил  хоҳанд кард.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Unsplash

Январь 10, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд