ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 январ, ҷумъа, 20-умин рӯзи соли 2023 аст
20 январи соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Сарвазири Федератсияи Россия Сергей Наришкин дар ноҳияи Данғара агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуд.
***
13 сол пеш, 20 январи соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи «CASA-1000»- ро тасдиқ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2016 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян карданд.
20 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Озарбойҷон – Рӯзи андӯҳи умумихалқӣ.
***
Дар Мали – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
РӮЙДОДҲО:
20 январи соли 1939 аввалин шумораи рӯзномаи «Ахбори Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон» нашр шуд.
***
20 январи соли 2003 дар шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии хатсайри нави ҳавоии «Алмаато-Душанбе-Алмаато» баргузор гардид.
***
9 сол пеш, 20 январи соли 2014 дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии Абу-Дабӣ («ADNEC») Саммити байналмилалии «Энергияи оянда -2014» баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1958 дар Лондон аввалин радарҳои назоратӣ барои санҷиши суръати автомобилҳо муқаррар карда шуданд.