ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МАФКУРАВӢ-АСОСИ СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои узви КМИР Махфират Хидирзода дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 25, 2023 11:18

ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони муосир майдони набардҳо ва муборизаҳо байни неруҳои гуногуни манфиатдор хеле фарох буда, онҳо кӯшиш мекунанд  аз василаҳои гуногун истифода баранд. Истифодаи воситаҳои техникиву технологӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ ва мафкуравӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар чунин шароити мураккабу пурихтилоф набарди асосӣ барои ба даст овардани зеҳну мафкураи ҷомеа ҷараён дорад, зеро идора намудани зеҳни ҷомеа маънии идора кардани худи ҷомеаро дорад. Чунин ибрози андеша намудааст  узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират ХИДИРЗОДА дар мақолае, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст.  

Дар зер матни пурраи он пешниҳоди хонандагон мегардад.

— Таҷрибаи сиёсии кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки набардҳои  мафкуравӣ қудрати тезонидани раванди ба даст овардани натиҷаро дошта, мутеъгардонии мафкуравӣ маънии мутеъгардонии пурраи шахсро дорад. Имрӯз таъсиррасонии мафкуравӣ бо назардошти имконияти муосири технологию коммуникатсионӣ ва иттилоотӣ қисми таркибии муборизаҳои геополитикӣ гардидааст.

Бо дарназардошти нуктаи мазкур, масъалаи таъмини амнияти мафкуравӣ барои кулли ҷомеа масъалаи муҳим арзёбӣ мегардад. Тоҷикистони мо ҳам ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар масири бархӯрди манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо қарор дошта, аз таҳдидҳои мафкуравӣ дар амон нест. Ин набарди эълоншуда кайҳо боз дар фазои иттилоотии кишвари мо низ идома дошта, дар ҳолати муайян хусусияти «нарм» ва дар ҳолати дигар хусусияти «тунд» пайдо мекунад. Тамоюли идомадоштаи таъсиррасонии мафкуравӣ хусусияти тамаддунӣ дошта, ба арзишҳо, суннату анъана ва эътиқоди мардум нигаронида шудааст.

Коршиносону таҳлилгарон махсусияти набардҳои мафкуравиро бо хусусияти ҷомеаҳо, аз ҷумла сатҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, зарфияти иҷтимоию фарҳангӣ ва сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеаҳо хос медонанд. Дар чунин вазъият аз ҷомеаҳо тақозо мегардад, ки дар қатори тадбирҳои амниятии андешидашаванда, инчунин ба масъалаи устувор гардонидани фазои мафкуравии ҷомеа низ таваҷчуҳи хосса зоҳир намоянд.

Маҳз бо дарки мубрам будани масъалаи мазкур Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ба васила, омилҳо ва механизмҳое ишора намуданд, ки қодиранд дар таъмини амнияти мафкуравии ҷомеа нақши бузург дошта бошанд.

Дар ҳама давру замон саводу маърифат василаи муҳими наҷоти ҷомеаҳо аз таассубу хурофот буд. Ин омил аҳамияти худро то ҳанӯз аз даст надодааст. Ба сифати василаи муҳимми мафкурасоз эълон намудани маориф амалан эътирофи моҳияти стратегӣ доштани соҳаи мазкур дар ҳаёти ҷомеа мебошад. Зеро маориф соҳаест, ки тавассути он раванди иҷтимоишавии шахс бо риояи қонунияти он амалӣ гашта, ташаккулу камолоти шахс дар мувофиқа бо мақсаду ҳадафҳои гузоштаи давлат метавонад ҷараён гирад. Вобаста ба ин Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.

Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад».

Таҳлили ин нукта нишон медиҳад, ки маориф хусусияти инсонсоз дошта, дар ташаккули шахсият ва устувории мафкуравии ҷомеа саҳми меҳварӣ дорад.

Василаи муҳимтарини амилисозии ин рисолат омӯзгор арзёбӣ мегардад, ки ҳамчун шахси «мафкурасоз» имкон дорад дар сотсиализатсияи сиёсии шахс нақши бузург бозад. Маърифатнокӣ имкон медиҳад, ки шахс дар шинохти арзишҳои иҷтимоие, ки барои танзими фаъолияти ӯ дар ҷомеа заруранд, муваффақ гардад. Ҷараён гирифтани рафтори шахс дар доираи муайяни арзишӣ чаҳорчӯбаи рафторест, ки дар он маърифату фарҳанг   инъикос меёбанд.

Масъалаи дигари муҳимме, ки дар тақвияти мавқеи шахс омили маърифатиро муҳим арзёбӣ менамояд, ин авҷ гирифтани кӯшишҳои абарқудратҳо дар замони ҷаҳонишавӣ баҳри ташаккули фазои маърифатию маънавии ба мақсадҳои онҳо созгор мебошад.

Низоми арзишие, ки аз ҷониби онҳо таҳмил карда мешавад, таҳдиди ҷиддӣ ба нигоҳдошти ҳувияту ягонагии миллӣ ва давлатдории миллӣ
буда, фақат шахси соҳиби маърифати баланди илмию ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии васеъ метавонад ин таҳдидҳоро
эҳсос ва дар муқобили онҳо муқовимат намояд. «Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта–сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад» — таъкид намудаанд Президенти Тоҷикистон.

Хусусан дар шароити муосир, ки равия ва гурӯҳҳои ифротию террористӣ авҷ гирифта, мағзшӯйии аъзои ҷомеа, бахусус ҷавононро мақсади худ қарор додаанд, тақвияти пояҳои маориф, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокӣ ба сифати омили муҳимми муқовиматкунанда ба муқобили ин таҳдиду таъсирҳо баромад мекунад. Дар робита ба ин таъкиди Пешвои миллат, баланд бардоштани сатҳи саводнокию маърифатнокии мардум амали хирадмандона ва дурбинона мебошад.

Шахси босавод дорои мафкура ва мавқеи қавии сиёсӣ буда, дар равандҳои ҷомеа устувории  шахсии худро нигоҳ дошта метавонад. Зеро ҷаҳонбинии васеъ, доираи зарурии донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва тахассусӣ, дарки дурусти воқеият, муайян карда тавонистани афзалияти рушди ҷомеа, дарк карда тавонистани моҳияти таҳдиду хатарҳо василаҳои муҳим дар роҳи таъмини масунияти  мафкуравӣ мебошанд. Маҳз дарки ҳамин нукта имкон медиҳад, ки маорифро на танҳо ҳамчун василаи саводнокӣ, балки василаи муҳимми таъмини амният ва суботи ҷомеа низ маънидод намоем.

Вобаста ба ин таъкиди Пешвои миллат дар бораи он ки «… пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад», суханони таърихие мебошанд, ки ҷомеаро барои ба сатҳи нисбатан нави маърифату дониш ва мутаносибан ба зинаи нави таъмини суботи иҷтимоию ваҳдату ягонагӣ баромадан роҳнамоӣ мекунанд. Савод бо бесаводӣ, маърифат бо ҷаҳолат ва илм бо хурофот ҳамеша дар набарданд. Аз ин рӯ, таҳкими пояҳои маорифу рушди минбаъдаи он омили муҳим дар роҳи таъмини рушди босуботи кишвар, таҳкими сулҳу осоиш ва суботу ягонагӣ мебошад.

Дар фарҳанг ва анъанаи мардуми мо ватандӯстӣ решаҳои чуқури тарбиявию маърифатӣ ва арзишию эътиқодӣ дошта, «дӯст доштани Ватанро аз гӯшаи имон» васф мекунанд. Вобаста ба ин, дар замони муосири ҷаҳонишавӣ  равия ва ҷараёнҳои гуногуни идеологӣ фаҳмиши дигари «Ватан»-ро пешниҳод намуда, мафҳуми «ватандӯстӣ»-ро ҳамчун мафҳуми кӯҳнашуда ва мубрамияти худро аз дастдода маънидод мекунанд. Пайдоиш ва мавқеъ пайдо намудани космополитизму мондиализм ҳамчун консепсияҳои сиёсӣ ва идеологияҳои замони ҷаҳонишавӣ тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд.

Дар чунин шароит аз нав талқин намудани дарки мафҳуми «ватандӯстӣ» амали саривақтӣ мебошад. Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, ки «мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем». Дар роҳи таҳкими эҳсоси ватандӯстию ватандорӣ Президенти Тоҷикистон ба чунин омили муҳим, аз қабили «ҳисси баланди миллӣ» ишора мекунанд. Ин бесабаб нест, зеро маҳз ҳисси баланди миллӣ асоси худшиносию ҳувияти миллӣ буда, ба ташаккули ифтихор ва ғурури миллӣ ва таъмини амнияти мафкуравӣ мусоидат менамояд.

Масъалаи таъмини амнияти мафкуравӣ мавзӯест, ки имрӯз кулли ҷомеаҳо сари он талош намуда истодаанд. Зеро хатарнокии ин таҳдидро таҷрибаи талхи кишварҳои гуногун собит намудааст. Ғуломгардонии мафкуравӣ амалест, ки ҳамчун унсури таркибӣ дар ҷангҳои ба истилоҳ «гибридӣ»-и замони муосир идома дошта, василаҳои  мафкуравӣ аз василаҳои ҳарбӣ дида пештар ба майдони муҳорибаҳо ворид мешаванд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намудан ба ин зуҳурот айни замон аст.

Роҳу усул ва василаҳои қавигардонии фазои мафкуравии ҷомеа бо назардошти хусусияти ҷомеаи мо муҳим буда, самаранокии фаъолиятро дар ин самт таъмин менамоянд.

Махфират ХИДИРЗОДА,
узви КМИР, профессор

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Январь 25, 2023 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд