ТОҶИКИСТОН ЧӢ ТАВР БОЯД АЗ ИНТИХОБ ГУЗАРАД? Шакли марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон барои дастаҳои мунтахаби Осиё тасдиқ шуд

Январь 3, 2023 12:35

ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи кумитаи иҷрояи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) шакли гузаронидани марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 барои дастаҳои мунтахаби осиёӣ тасдиқ шуд, ки дар ИМА, Канада ва Мексика доир мегардад,. Дар маҷмӯъ, ФИФА ба КФО 8 ҷои мустақим ва як ҷой тавассути плей-оффи байниқитъавӣ ҷудо мекунад. Мусобиқаи интихобии ЧҶ-2026 аз чаҳор давра иборат хоҳад буд.

Миқдори роҳхатҳо ба ЧҶ-2026 барои қитъаи Осиё 8+1 муқаррар шудааст ва дастаҳои мунтахаби миллӣ аз рӯи низоми тахассусӣ иборат аз 5 марҳила рақобат мекунанд.

Бори аввал дар таърих дар ЧҶ-2026 дар марҳилаи финалӣ 48 дастаи мунтахаб иштирок мекунанд.


Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Барномаи стратегии «Орзу-2026»-ро қабул кардааст. Он танҳо маънои роҳ ёфтани дастаи мунтахаб ба чемпионати ҷаҳонро дорад. Узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Анваршо Мирзоев раиси Шӯрои назорати иҷрои ин барнома таъйин шудааст.

Тавре дафтари матбуоти ФФТ хабар медиҳад, дар ин барнома даҳ самти асосии рушди футбол дар кишвар, аз ҷумла зерсохтор, маркетинг, лигаи миллӣ, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, мукаммалсозии футболи наврасон, маориф, рушди федератсияҳои минтақавӣ, футзал, футболи занона ва рушди бахши доварӣ муайян шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 3, 2023 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд