Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон соҳиби 3 медали биринҷӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 24.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи 6-уми Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар шаҳри Бангкоки Таиланд муштзанони тоҷик соҳиби 3 медали биринҷӣ шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Нахуст дар вазни то 71 кг Довуд Маҳкамов аввалин медали биринҷиро соҳиб шуд. Дар рақобат барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқа Довуд аз муштзани қазоқ Сабиржан Аккалюков мағлуб гардид ва натавонист, ки ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёбад.
Рақобати дуюми бокс бо иштироки варзишгарони тоҷикро Абдумалик Болтаев дар вазни то 75 кг бо ҳарифаш аз Узбекистон Алохон Абдуллоев доир кард. Дар ин рақобат Абдумалик аз муштзани узбек Алохон Абдуллоев мағлуб шуда, медали дуюми биринҷиро соҳиб шуд.
Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни то 80 кг медали 3-юми биринҷиро дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола соҳиб гардид. Шаҳбоз барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқа аз муштзани чинӣ Ҳалимулати Раҳеманду мағлуб шуд.
Барои муштзанони тоҷик Чемпионати Осиё оид ба бокс бо 3 медали биринҷӣ анҷом ёфт. Дар мусобиқаи мазкур 7 варзишгар- Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57кг, Бибинишастамо Холова дар вазни то 60кг, Абубакр Муродзода дар вазни то 60 кг, Довуд Маҳкамов дар вазни то 71кг, Абдумалик Болтаев дар вазни 75кг, Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни то 80кг ва Асадбек Маннонов дар вазни +92кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.
Ҳамчунин доварони тоҷик Акмалҷон Абдуллоев ва Меҳроҷ Умаров муҳорибаҳои чемпионатро ҳакамӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа аз 18 то 26 январ дар шаҳри Бангкоки Таиланд миёни 243 варзишгар аз 21 давлати қора доир карда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






