Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Беларус нақшаи ҳамкории ҳарбиро барои соли 2023 ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 04.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо сафари корӣ ба пойтахти Беларус- шаҳри Минск сафар намуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат Фаридун Маҳмадализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки сафари Вазири мудофиаи кишвар 3-4 январ идома ёфта, зимни он Шералӣ Мирзо бо Вазири мудофиаи Беларус Виктор Хренин мулоқот намуд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо нақшаи ҳамкории ҳарбиро барои соли 2023 ба имзо расониданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, зимни музокирот бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди босуръати ҳамкории дуҷонибаро дар сатҳи сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳангу гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






