ВКХ ҶТ БА МАЪЛУМОТ МЕРАСОНАД. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Чин бояд дар шиносномаи худ муҳр гузоранд
ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 8 январи соли равон Чин маҳдудиятҳои асосии вуруд ба кишварро, ки дар доираи мубориза бо коронавирус ҷорӣ шуда буданд, лағв намуд.
Дар Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шаҳрвандони мо мисли пештара пеш аз сафар ба Чин, бояд тибқи талабот раводид гиранд ва инчунин метавонанд дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ бораи иҷозаи вуруд ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шиносномаи худ муҳр гузоранд.
Аз шаҳрвандони хориҷӣ то ҳол санҷиши COVID-19, ки 48 соат пеш аз сафар гирифта шудааст, талаб карда мешавад, аммо онҳо дигар ҳангоми вуруд ба Чин ба карантин фаро гирифта намешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид






